Пешбинии раиси муфтиёни Русия дар бораи афзоиши мусалмонони ин кишвар
Раиси Шурои муфтиёни Русия эълом кард, ки тибқи арзёбии коршиносон, то 15 соли оянда як севвуми ҷамъияти Русияро пайравони дини Ислом ташкил хоҳанд дод ва давлати Русия бояд масҷидҳои бештаре дар шаҳрҳои бузург таъсис кунад.
Ба нақл аз хабаргузории Тасним, рӯзномаи "Российская газета" имрӯз навишт, шайх Равил Айнуддин раиси Шурои муфтиёни Русия ва раҳбари мазҳабии мусалмонони ин кишвар дар суханоне дар думои давлатии Русия эълом кард, ки дар 15 соли оянда як севвуми ҷамъияти кишварро пайравони дини Ислом ташкил хоҳанд дод.
Ин мақоми руҳонӣ афзуд: беш аз 20 миллион нафар аз шаҳрвандони Русия пайравони дини Ислом ҳастанд, вале ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.
Шайх Равил Айнуддин ҳамчунин аз давлати Русия хост, то масҷидҳои бештаре дар шаҳрҳои бузурги Русия бисозад ва масҷидҳои кунунии кишварро ҳам таътил накунад.
Раиси Шурои муфтиёни Русия бо радди ин назария, ки масҷидҳо манбаъе барои гирдиҳамоии аъзои созмонҳои террористии Исломгарост таъкид кард, ки лозим аст бо тамоюлоти ифротгароёна, ки аз Ислом танҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ сӯистифода мекунанд, муборизаи ҷиддӣ шавад.
Шайх Айнуддин ҳамчунин ёдовар шуд, ки Русия сиёсати густариши равобити худ бо кишварҳои минтақаи Авруосиёро дар пеш гирифта ва ин масъала ба маънои наздикии бештари ин кишвар ба ҷаҳони Ислом аст.