Сентябр 15, 2016 15:22 Asia/Dushanbe
  • Эъломи санаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳури Эрон

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон замони баргузор шудани дувоздаҳумин даври интихоботи раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро 18-уми майи соли 2017 (29-уми урдибиҳишти соли 1396) эълом кард.

Абдулризо Раҳмони Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон асри чаҳоршанбе бо баёни ин ки 18-уми майи соли 2017 замони баргузории дувоздаҳумин даври интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст, гуфтааст, барномарезӣ ва ҳамоҳангиҳои лозим бо Шӯрои нигаҳбони Қонуни Асосии Эрон дар ин хусус анҷом шудааст. Ӯ афзуд, "бо тавофуқе, ки бо Шӯрои нигаҳбони Қонуни Асосии Эрон доштем, муқаррар шуд, 29-уми урдибиҳишти соли 1396 интихоботи раёсатҷумҳурӣ, шӯроҳои исломӣ ва интихоботи миёндавраии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон баргузор шавад".

Бар асоси қонун, интихоботи раёсатҷумҳури Эрон ҳар чаҳор сол як бор баргузор мешавад ва фарди пирӯз метавонад барои як даври дигар номзад шавад.

 

Барчасп