Март 06, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Аврупо бар ҳифзи БАРҶОМ ва интиқод аз тасмими Вашингтон

Ҳарчанд тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ ), тавофуқи бисёр муҳим дар чорчуби ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ маҳсуб мешавад, аммо Амрико дар ростои фурупошии ин тавофуқ дар 8 майи 2018 аз он хориҷ шуд.

Рӯйкарди зиддибарҷомии Вашингтон мавриди қабули аъзои гурӯҳи 4+1, яъне Русия, Чин, сегонаи аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Британия) ва Иттиҳоди Аврупо нест. Ин иқдоми Вашингтон бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.

 Дар ин росто Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе дар баёнияе амиқан аз тасмими Амрико барои хурӯҷ аз БАРҶОМ ибрози таассуф кард.

 Иттиҳоди Аврупо дар ин баёния, ки дар иртибот бо чаҳордаҳумин гузориши Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар бораи пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ дар баробари БАРҶОМ мунташир шуд, тасреҳ кард: То замоне, ки Эрон ба иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии худ идома диҳад, ин иттиҳод низ дар БАРҶОМ хоҳад монд.

 Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, ҷумъа 22 феврал барои чаҳордаҳумин бор пойбандии Ҷумҳурии исломии Эрон ба " БАРҶОМ "-ро таъйид кард.Ин баёния аз сӯи Туркия, ҷумҳурии Македонияи шимолӣ, Черногория, Исландия, Сербистон, Албания, Босния ва Ҳерсговин, Лихтенштейн, Норвегия ва Сан-Марина  низ ҳимоят шудааст. Иттиҳоди Аврупо дар ин баёния ҳамчунин пойбандии қотеъ ва ҳимояти идомадори худ аз БАРҶОМ-ро эълом ва бар иродааш барои тадовуми ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ростои ҳифзи ин тавофуқи байналмиллалӣ таъкид кард. Албатта Аврупо бавежа барои ҳифзи БАРҶОМ бояд дучори дардисарҳое шавад ва инки бихоҳад бидуни рӯёрӯӣ бо Амрико ин тавофуқи бисёр муҳим  ҳифз шавад, хаёли соддаандешона хоҳад буд.

 Ин дар ҳоле аст, ки Амрико зимни пофишорӣ бар мавзеъи зиддибарҷомии худ , ҳамчунон бар иҷрои хостаҳои зиёдаталабонаи худ аз Эрон исрор меварзад. Дар ин замина Ҷек Волкот- намояндаи Амрико дар Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи сешанбе дар баёнияе бо такрори иттиҳомҳои беасос дар бораи фаъолиятҳои минтақаии Эрон гуфт: Амрико дар пайи дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъе бо Эрон аст, ки ҳамаи нигарониҳои Вашингтонро бартараф кунад. Ин тавофуқи нав бояд Эронро ба таври комил аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҷомеаи байналмиллалӣ ҳамгаро кунад.

 Ба иддаои вай Вашингтон бо хурӯҷ аз БАРҶОМ, қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро, ки барои таъйиди ин тавофуқи байналмиллалӣ содир шуда, поймол накардааст. Мақомоти Амрико аз ҷумла Доналд Трамп-раиси ҷумҳури ин кишвар дар моҳҳои ахир борҳо эълом кардаанд,ки ба думболи як тавофуқи ҷадид бо Эрон ҳастанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ахиран дар вокуниш ба ин суханони амрикоиҳо тасреҳ кард, ки изҳороти мақомҳои Амрико дар бораи музокира ва тавофуқи ҷадид, беарзиш аст.

 Баҳроми Қосимӣ бо баёни инки Амрико бузургтарин поймолкунандаи тааҳҳудоти байналмиллалӣ аст, гуфт: Поймолсозӣ ва сарпечӣ аз қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Миллал тавассути Амрико намунаи боризи рафторҳои як давлати ноорому саркаш ва якрав аст.

Бархилофи хостаи Амрико ва рӯйкарди якҷонибагароёнаи Вашингтон, ки ҳамвора бар табли лағви БАРҶОМ ва ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон мекубад, дигар қудратҳои ҷаҳонӣ хоҳони ҳифзи ин тавофуқи бисёр муҳим ҳастанд. Дар ин росто Русия дар мавзеъгирии тозае Амрикоро ба боҷгирӣ аз кишварҳое, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд, муттаҳам кард.

 Михаил Улянов иқдоми давлати Амрико дар тарсондани кишварҳое, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунандро маҳкум кард ва гуфт: Вашингтон баъд аз хурӯҷ аз БАРҶОМ шурӯъ ба "боҷгирии иқтисодӣ" аз кишварҳое кардааст, ки дар ҳоли ҳамкорӣ бо Эрон ҳастанд.

Русҳо мӯътақиданд, ки осебҳои зиёде ба бахши иқтисодии тавофуқи БАРҶОМ ворид шуда, дар ҳоле ки бандҳои ҳастаии он аз сӯи Эрон ба сурати муассир иҷро мешаванд. Бо ин ҳол Русия таъкид карда, ки Вашингтон наметавонад монеъи пойбандии кишварҳои дигар ба тааҳҳудоти иқтисодии худ зайли тавофуқ шаванд, ки ба таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид расидааст.

 

Барчасп