Март 07, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 300 миллион долларии Чин барои навсозии зерсохтҳои марзии қазоқҳо

Парлумони Қазоқистон пешнависи тавофуномаи давлати ин кишвар ва Чин дар заминаи дарёфти қарз бо баҳраи андакро таъид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, парлумони Қазоқистон пешнависи тавофуқномаи давлати ин кишвар ва Чин дар заминаи дарёфти қарз бо баҳраи андакро таъид кард.

Дар чорчуби ин прожа, ки интизор меравад охирҳои соли равон оғоз ва дар соли 2022 такмил шавад қарор аст 9 гузаргоҳи ҷоддаӣ ва як масири райли оҳан эҷод ва бо таҷҳизоти фаннӣ муҷаҳҳазр шаванд.

Қарзи мазкур бо баҳраи 2 дарсад буда замони бозпардохти он 20 сол аст.

Ҳаҷми куллии ин эътибор 2 миллиарду 300 миллион доллар аст.

Алихон Исмоилов вазири дороии Қазоқистон гуфт, пушти гузаргоҳҳои марзӣ аз тарафи Қазоқистон таҷаммуъи 70 то 300 мошини борбарӣ дида мешавад ва ронандагон барои убур аз марз то 3 рӯз мунтазир мешаванд. Вай афзуд, дар натиҷаи иҷрои ин прожа зарфияти ҳамлу нақл аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ 12 баробар афзоиш меёбад. Барои мисол дар ҳоли ҳозир 450 мошини борбарӣ имкони убур аз гузаргоҳи марзӣ дар як шабона рӯзро доранд баъд аз иҷрои ин прожа ин шохис ба 5500 рафту омади мошинҳои боркаш хоҳад расид.