Март 09, 2019 15:56 Asia/Dushanbe
  • Иҷораи зердарёии ҳастаии Русия тавассути Ҳинд

Ҳинд бо пардохти 3 миллиард доллар як зердарёӣ аз Русия иҷора мекунад ва музокира дар ин замина аз соли 2013 оғоз шудааст.

Ҳинд бо пардохти 3 миллиард доллар як зердарёӣ аз Русия иҷора мекунад ва музокира дар ин замина аз соли 2013 оғоз шуда буд.

Зердарёии ҳастаии Русия, ки муҷаҳҳаз ба технологияи рӯзи дунё аст то соли 2025 дар ихтиёри Ҳинд хоҳад буд.

Ин севумин зердарёии ҳастаии Русия аст, ки тавассути Ҳинд иҷора мешавад ва қабл аз ин низ як зердарёии русӣ дар соли 1988 барои муддати 3 сол ва дар соли 2012 барои муддати 10 сол иҷора шуда буд.

Қабл аз ин Ҳинд барои хариди сомонаи мушакии “С- 400” бо Русия ба тавофуқ расид ва дар ҳоли ҳозир барои иҷораи зердарёии ҳастаӣ ба тавофуқ расидааст.

Ҳинд ва Русия ҳамкории наздики низомӣ бо якдигар доранд ва 70 дарсади таҷҳизоти артиши Ҳинд дар бахши нерӯи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ аз ҷониби Маскав таъмин мешавад.

Дар шароити феълӣ таҷҳизоти низомии русӣ барои муқобила бо Покистон ба кор гирифта хоҳад шуд.

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки нерӯи дарёии Покистон зердарёии ҳиндиро дар обҳои минтақаии ин кишвар шиносоӣ ва водор ба бозгашт кард.