Март 09, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Даври панҷуми музокироти Толибон бо Амрико бенатиҷа монд

Манобеи наздик ба Толибон эълом карданд, ки даври панҷуми музокироти ин гурӯҳ бо Амрико дар Қатар то кунун пешрафте надоштааст ва эҳтимолан музокироти ду тараф ба даври шашум кашида хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, дар ҳоле, ки интизор мерафт, ки Амрико бо Толибон дар даври панҷуми музокироти Қатар ба тавофуқоте даст ёбад, аммо манобеи наздик ба Толибон аз бенатиҷа мондани ин музокирот хабар медиҳанд.

Толибон хурӯҷи фаврии нерӯҳои хориҷиро аз Афғонистон хостор аст, аммо Амрико бо ин мавзӯъ мухолифат мекунад.

Рӯзномаи «Вашингтон Таймз» навишт: Амрико ба Толибон пешниҳод кардааст, ки дар як давраи замонии панҷсола, нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад, аммо Толибон эълом кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ бояд дар муддат як сол Афғонистонро тарк кунанд.

Эҳтимол дорад даври баъдии музокироти Толибон бо Амрико то поёни моҳи марти ҷорӣ ва ё авоили моҳи апрел дар Қатар баргузор шавад.

Даври панҷуми музокирот Амрико бо Толибон дар Қатар, ки 25 феврал оғоз шуд, қарор буд 4 рӯз ба тул бианҷомад, аммо музокироти ду тараф ҳамчунон бидуни ҳеҷ натиҷае идома дорад.

 

Барчасп