Захмӣ шудани 30 нафар дар парвози Туркия ба Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42321-Захмӣ_шудани_30_нафар_дар_парвози_Туркия_ба_Амрико
Талотуми шадиди ҳавоӣ дар парвози ҳавопаймои Туркия ба фурудгоҳи Ню-Йорк ба захмӣ шудани 30 нафар аз сарнишинон мунҷар шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 10, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 30 нафар дар парвози Туркия ба Амрико

Талотуми шадиди ҳавоӣ дар парвози ҳавопаймои Туркия ба фурудгоҳи Ню-Йорк ба захмӣ шудани 30 нафар аз сарнишинон мунҷар шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алолам, як ҳавопаймои Боинг-777-и Туркия бо беш аз 300 сарнишин ҳудуди 45 дақиқаро дар ошуфтагӣ ва чолаҳои ҳавоӣ сипарӣ кард, то дар ниҳоят дар фурудгоҳ ба замин нишаст.

Стив Колман сухангӯи фурудгоҳи Ню-Йорк ба Ассошиэйтедпресс гуфт, 28 нафар аз захмиҳо ба дармонгоҳи Ямайка ва ду нафар ба дармонгоҳи дигаре интиқол ёфтаанд.

Ба гуфтаи вай, ҷароҳатҳо умдатан ҷузъӣ буд, аммо пойи яке аз мусофирон шикастааст.

Шуморе аз мусофирон ва хадамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳ дармон шуданд.

Хадамаи парвоз пеш аз фуруди ҳавопаймо дархости эҷоди омодагӣ барои ироаи кумак ба захмиҳоро матраҳ карда буданд.