Март 10, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Покистон ба мавозеи нерӯҳои ҳиндӣ дар хати контроли Кашмир

Вазорати дифои Ҳинд эълом кард, субҳи имрӯз нерӯҳои Покистон дар хати контроли Кашмир алайҳи мавозеи он кишвар иқдом ба шиллики хумпора карданд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Ҳинд эълом кард, дар пайи ҳамлаи нерӯҳои марзбонии Покистон алайҳи мавозеи нерӯҳои ҳиндӣ дар хати контроли Кашмир нерӯҳои ин кишвар низ иқдом ба муқобилаи ба мисл кард.

Ба рағми тавофуқномаи оташбаси байни Ҳинд ва Покистон дар соли 2003 ду кишвар якдигарро ба нақзи оташбас дар хати контроли Кашмир муттаҳам мекунанд.

Даври ҷадиди таниш миёни Ҳинду Покистон дар пайи ҳамлаи террористии 14-уми феврали гурӯҳи террористии “Ҷайши Муҳаммад” ба низомиёни ҳиндӣ дар Кашмир ва кушта шудани дастикам 44 тан аз онҳо оғоз шуд. Пас аз ин ҳамла ҷангандаҳои Ҳинд ба мавозеи гурӯҳҳои террористии мустақар дар Покистон ҳамла карданд ва Деҳлии Нав муддаӣ шуд, дар ин ҳамла ҳудуди 300 тан кушта шуданд, аммо Исломобод онро рад кард.

 

Барчасп