Латвия Русияро ба тадоруки ҳамла муттаҳам кард
Раисҷумҳури Латвия Русияро муттаҳам кард, ки бо иттихози сиёсати таҳоҷумӣ мумкин аст, ба зудӣ ба як кишвари аврупоӣ ҳамла кунад.
Реймондс Вейонис рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории “Спутник” аз аъзои Иттиҳоди Аврупо хост, барои маҳор кардани Русия дар расидан ба аҳдофи геополотикияш муттаҳид шаванд ва мавзеи воҳид дар муқобили таҳоҷуми Маскав ба дигар кишварҳои аврупоӣ иттихоз кунанд. Вейонис гуфт, Латвия ба омили боздоранда ва мутмаин дар муқобили Русия ниёз дорад.
Раисҷумҳури Латвия бо интиқод аз Олмон барои мушорикат дар тарҳи хати лӯлаи гази “Норд Стрим 2” бо Русия афзуд, ин тарҳ иқдоми геополотикӣ ба нафъи Русия аст.
Хати лӯлаи гази “Норд Стрим 2” ба ҷойи масири Украина ва Лаҳистон ба сурати миёнбур ва аз масири баҳрӣ аз Русия ба Олмон мерасад. Ин тарҳ илова бар таъмини манофеи Олмон дар ҳавзаи энержӣ саҳми Русияро дар бозори энержии Аврупо иртиқо ва гузинаҳои Амрикоро барои эъмоли фишор ба Русия дар ҳавзаи энержӣ маҳдуд мекунад.