Эътирози Покистон ба кушта шудани 8 шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42371-Эътирози_Покистон_ба_кушта_шудани_8_шаҳрванди_ин_кишвар_дар_Афғонистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон кушта шудани 8 шаҳрванди покистонӣ дар Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 12, 2019 14:50 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Покистон ба кушта шудани 8 шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон кушта шудани 8 шаҳрванди покистонӣ дар Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммад Файсал сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон кушта шудани 8 шаҳрванди покистонӣ дар Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард.

Вай афзуд, 8 шаҳрванди бегуноҳи покистонӣ тавассути низомиёни афғонистонӣ кушта шудаанд ва мо ин иқдомро ба шиддат маҳкум мекунем.

Вай тасреҳ кард, афроди кушта шуда аз қабилаҳои марзнишин буданд, ки дар вилояти Пактикои Афғонистон тавассути низомиёни ин кишвар ба қатл расидаанд.