Мушоҳидаи Абубакр Бағдодӣ дар як зиреҳпӯши амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42381-Мушоҳидаи_Абубакр_Бағдодӣ_дар_як_зиреҳпӯши_амрикоӣ
Як расонаи туркӣ аз зоҳир шудани Абубакр Бағдодӣ дар як зиреҳпӯши амрикоӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 12, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Мушоҳидаи Абубакр Бағдодӣ дар як зиреҳпӯши амрикоӣ

Як расонаи туркӣ аз зоҳир шудани Абубакр Бағдодӣ дар як зиреҳпӯши амрикоӣ хабар дод.

Ба гузориши рӯзномаи “Яни шафақ”, Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ таҳти назорати Амрико фаъолият мекунад. Ин рӯзнома тасвире аз раҳбари гурӯҳи террористи ДИИШ-ро дар дохили як зиреҳпӯши амрикоӣ мунташир кардааст ва террористҳои фирории ДИИШ аз Албоғуз ҳам сиҳҳати ин тасвирро таъйид кардаанд.

Гузориши рӯзномаи “Яни шафақ”-и Туркия ҳокӣ аст, иттилоот фошшуда нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тавтеаи ҷадиде бо ҳамкории ДИИШ омода мешавад. Бар асоси ин гузориш, Созмони иттилооти марказии Амрико аз ду ҳазор диишӣ дар урдугоҳҳои таҳти сайтараи Ҳизби коргарони Курдистон бозҷӯӣ карда ва 140 нафар аз ин диишиҳо гузарномаи ҷаълӣ аз Амрико дарёфт кардаанд. Ин расонаи Туркия афзуд, Иёлоти Муттаҳида тарҳҳои сиррӣ иҷро мекунад, то террористҳои ДИИШ ҳозир дар Сурияро аз тариқи Ироқ бо асомӣ ва мадорику гузарномаҳои ҷаълӣ мунтақил кунад.