Март 13, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъияти парвози Боинги 737 дар Иттиҳодияи Аврупо ва Чин

Ба дунболи вуқуъи сониҳаи маргбори суқути ҳавопаймои мусофирбарии Эфиопия, Бельгия, Полша ва Туркия низ парвози ҳавопаймоҳои Боинг бар фарози кишварҳои худро мамнуъ эълом карданд.

Созмони ҳавопаймоии Бельгия, Полша ва Туркия эълом карданд, ки ҳаргуна парвози Боинг бар фарози кишварҳои худ аз ҳар масиреро мамнуъ эълом карданд.

Пештар Фаронса, Олмон ва Англия низ дар баёнияҳои ҷудогонае ба иқдоми мушобиҳе даст зада буданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин низ эълом кард, Пекин ҳеҷ барномае барои лағви таваққуфи парвозҳои Боинг Макси 8-737 ва бозгашти дубораи онҳо ба хатти парвозии ин кишвар надорад.

Ба гузориши ИРНО, Луконг имрӯз чаҳоршанбе гуфт, Пекин аз ширкати Боинг хостааст бо диққати боло далелҳои суқути ду ҳавопаймои ин ширкат дар шаш моҳи гузаштаро баррасӣ кунад ва натиҷаҳои ин баррасиро дар ихтиёри хутути ҳавоии Чин қарор диҳанд, то бар асоси он бо ҳадафи таъмини амнияти ҷонии мусофирон, тасмимгирӣ шавад.

Як ҳавопаймои Боинги 737 мутаъаллиқ ба хатти ҳавоии Эфиопия якшанбеи гузашта дар парвози худ аз Аддис-Абеба ба Найробӣ, пойтахти Кения суқут кард ва тамомии 157 сарнашини он аз ҷумла ҳашт шаҳрванди чинӣ кушта шуданд.

Як ҳавопаймои Боинги 737 дигар низ октябри 2018 дар Индонезия суқут карда ва ҳамаи 189 сарнашини он ҷон бохта буданд.

Англия, Чин, Австралия, Африқои ҷанубӣ ва Аргентина аз ҷумла нахустин кишварҳое буданд, ки бакоргирии ин ҳавопаймоҳоро дар рӯзҳои гузашта мамнуъ карданд.

Барчасп