Март 13, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазорати дифои Афғонистон бар тавоноии артиш барои муқобила бо ноамнӣ

Сарпарасти вазорати дифои Афғонистон гуфт: Неруҳои артиш метавонанд бидуни кумаки низомиёни хориҷӣ аз хоки кишвари худ дифоъ кунанд.

 Асадуллоҳ Холид  хитоб ба мардуми Афғонистон гуфт: Низомиёни хориҷӣ барои ҳамеша дар ин кишвар ҳузур нахоҳанд дошт ва аз ин рӯ бояд барои дифоъ ва ҳифозат аз хоки худ омода бошем.

Вай афзуд ҳамон гуна, ки мардуми Афғонистон англисҳоро аз ин кишвар берун ронданд ва озодии кишварашонро ба номи худ рақам заданд, насли нав низ метавонад аз Афғонистон дар баробари ҳар таҷовузе дифоъ кунад.

 Сарпарасти вазорати дифои Афғонистон хитоб ба сарбозони афғон гуфт: Яқин дошта бошед, ки бидуни ҳузури низомёни хориҷӣ низ метавонед аз кишвари худ муҳофизат кунед.

 Суханони сарпарасти вазорати дифои Афғонистон дар бораи тавоноии артиши ин кишвар барои муқобила бо ноамниҳо ва ҳифозат аз тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии ин кишвар посух ба бархе изҳори назарҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи масъалаи таъмини амният дар Афғонистон аст.

Агарчи аз моҳҳои нахусти фаъолияти давлати ваҳдати миллии Афғонистон бархе маҳфилҳо ва шахсиятҳои ин кишвар сиёсатҳои амниятии давлатро мавриди интиқод қарор додаанд,аммо дар моҳҳои гузашта ин интиқодҳо шиддати бештаре ёфтааст. Аз назари мунтақидони дохилӣ,давлати Афғонистон сиёсатҳои муассире барои муқобила бо ноамниҳо надорад ва ташдиди хушунату даргирӣ ва ҳамчунин афзоиши мизони нуфузи Толибон ва ДИИШ нишонаи дақиқ аз короӣ надоштани барномаҳои артиши ин кишвар барои аз байн бурдани ифротгароӣ аст. Таҳти чунин фишорҳое буд, ки ҳудуди се моҳ пеш Муҳаммад Ашрафғанӣ-раисҷумҳури Афғонистон тасмим гирифт, то масъулони сохторҳои амниятии худро тағйир диҳад. Ашрафғанӣ бо судури ду ҳукми ҷудогона Вайсаҳмад Бармак-вазири дохилаи Афғонистон ва Ториқшоҳ Баҳромӣ, вазири дифои ин кишварро барканор ва ба ҷои онон Амруллоҳ Солеҳ ва Асадуллоҳ Холидро муаррифӣ кард.  Пештар ҳам Ҳамдуллоҳ Муҳиб бо ҳукми раисҷумҳури Афғонистон ба ҷои Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар симати мушовири амнияти миллии ин кишвар мансуб шуд.

 Ин тағйироти мудириятӣ дар ростои иҷрои бахше аз пешниҳодҳо ба раисҷумҳури Афғонистон барои беҳбуди авзоъи амниятии ин кишвар аз тариқи тармими сохторҳои амниятӣ, муштамил бар вазирони дифоъ, дохила ва мушовири амнияти миллӣ сурат гирифт.

 Лаёқаталии Аминӣ-коршиноси сиёсии Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои дарӣ гуфтааст, ки неруҳои амниятии афғон аз назари шуҷоат, ватандӯстӣ ва фидокорӣ камназир ҳастанд, аммо заъф дар мудирияти онҳо аст, ки ҷанг ба сурати дуруст ҳидоят намешавад ва душман аз ин шароит ба нафъи худ истифода мекунад.

 Давлати ваҳдати миллии Афғонистон умедвораст бо тағйир дар сохтори амниятӣ бахше аз чолишҳои марбут ба суимудириятҳо дар бахшҳои амниятӣ ва сиёсатгузорӣ дар ин замина беҳбуд пайдо кунад.

 Сарпарасти вазорати дифои Афғонистон бо таъкид бар тавоноии артиши ин кишвар барои дифоъ аз Афғонистон ва муқобила бо ноамниҳо зимни посух ба интиқодҳои дохилӣ дар бораи заъфи давлати ваҳдати миллӣ дар таъмини амният,ба рӯйкарди бархе кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Амрико ҳам вокуниш нишон додааст.

Кишварҳои ғарбӣ, ба хусус Амрико ба рағми шикасти комил дар беш аз ҳабдаҳ сол ҳузур дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм,хурӯҷи комили неруҳои хориҷӣ аз ин кишварро муҷиби ҳукмфармоии   террористҳо бар Афғонистон ва аз даст рафтани дастовардҳои худ муаррифӣ мекунанд.Ин иддио дар ҳоле аст, ки ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон ба ташдиди таниш ,афзоиши фаъолиятҳои террористӣ ва куштори васеи ғайринизомиёни афғон мунҷар шудааст.