Март 14, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши куштаҳои тирпаронӣ дар Бразилия

Полиси низомии Бразилия эълом кард шумори куштаҳои тирпаронӣ дар мактабе дар ин кишвар ба 10 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Сан Паоло, полиси низомии Бразилия эълом кард, ду муҳоҷим субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо тирпаронӣ дар мактабе дар Сузано минтақае дар наздикии Сан Паоло воқеъ дар ҷануби шарқи Бразилия шаш нафарро куштанд ва худашон низ дар ҳамон лаҳза худкушӣ карданд.

Бино бар эъломи полиси низомии Бразилия, илова бар ҳашт нафар ду нафар аз захмиҳои ин ҳамлаи мусаллаҳона баъд аз расидан ба бемористон ҷон бохтанд.

Дар ин ҳамла 15 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Пеш аз ин шумори куштаҳои ин тирпаронӣ 6 нафар эълом шуда буд.

Жоао Дория фармондори иёлати Сан Паоло хотирнишон кард токунун мушаххас нашуда, ки ин ду муҳоҷим аз шогирдони собиқи мактаб будаанд ё не.

Ин ҳамла дар маҷмуъаи омӯзишгоҳе дар Бразилия бисёр камсобиқа аст ва танҳо дар апрели 2011 буд, ки як хонандаи собиқи мактабе дар атрофи Рио ба тарафи хонандагон тирпаронӣ кард ва 12 нафар аз онҳоро кушта ва шумори зиёдеро низ захмӣ кард ва баъд аз он худкушӣ кард.

 

Барчасп