Маросими Наврӯз дар Созмони Миллал баргузор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42422-Маросими_Наврӯз_дар_Созмони_Миллал_баргузор_шуд
Маросими бузургдошти Наврӯз аз сӯи 12 кишвари Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Ҳинд, Покистон, Ироқ ва Туркия дар маҳалли Созмони Миллал дар Вена ва бо ҳузури раисон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафирон ва депломатҳои муқим баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 14, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Маросими Наврӯз дар Созмони Миллал баргузор шуд

Маросими бузургдошти Наврӯз аз сӯи 12 кишвари Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Ҳинд, Покистон, Ироқ ва Туркия дар маҳалли Созмони Миллал дар Вена ва бо ҳузури раисон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафирон ва депломатҳои муқим баргузор шуд.

Ба гузориши ИСНО, Козим Ғариб ободӣ сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байнамиллалӣ дар Вена аз сӯи кишварҳои баргузоркунандаи ин маросим,Юри Федотов  мудири кулли Дафтари Созмони Миллал дар Вена ва намояндаи Вазорати умури хориҷаи Австрия дар ин маросим суханронӣ ва  бар аҳаммияти Наврӯз ба унвони як руйдоди фарҳангии муштарак барои як қатор кишварҳо ва миллатҳо, ки намоди пойдорӣ ва сулҳ аст, таъкид карданд.

Маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар 23 феврали 2010 таи қатъномаи 21 март(аввали баҳор)-ро ба унвони рӯзи байналмиллалии Наврӯз тасвиб кард.