Гирдиҳамоии амрикоиҳо дар ҳимоят аз Николас Мадуро
(last modified 2019-03-17T10:14:36+00:00 )
Март 17, 2019 15:14 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии амрикоиҳо дар ҳимоят аз Николас Мадуро

Садҳо нафар аз мардуми Амрико бо таҷаммӯъ дар атрофи Кохи Сафед дар Вашингтон, ҳимояти худро аз раиси ҷумҳурии Венесуэла эълом карданд.

Ба гузориши Спутник, садҳо нафар рӯзи шанбе бо таҷаммӯъ дар наздикии Кохи Сафед дар Вашингтон зимни ҳимоят аз Николас Мадуро раиси ҷумҳурии Венесуэла аз мақомоти Амрико хостанд мудохила дар умури он кишварро поён диҳанд.

Мӯътаризон ҳамчунин лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Венесуэларо хостор шуда ва бар адами мудохилаи низомӣ дар ин кишвар таъкид карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин тазоҳурот ҳамчунин талоши Вашингтон барои ҷойгузинии Хуан Гуайдо саркардаи мухолифони давлати Венесуэла бо Николас Мадуро ба шиддат маҳкум шуд.

Таҷаммӯъ дар ҳимоят аз Николас Мадуро дар дигар шаҳрҳои Амрико аз ҷумла Ню-Йорк ва Лосанҷелес низ баргузор шуд.

Буҳрони ҷадид дар Венесуэла 23 январ оғоз шуд; Замоне, ки Хуан Гуайдо саркардаи мухолифони давлат, бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раиси ҷумҳурии Венесуэла хонд.

Давлат ва миллати Венесуэла ин иқдомро кудато алайҳи "Николас Мадуро" раиси ҷумҳурии мунтахаби мардум баршумурданд.

Бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Эрон, Русия ва Чин ҳам ин рафтори Амрикоро маҳкум ва бар лузуми эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Венесуэла таъкид кардаанд.

 

Барчасп