Март 18, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • Як паҳподи Амрико дар Парвони Афғонистон суқут кард

Як мақоми маҳаллии Афғонистон эълом кард, ки як паҳпод(парандаҳои ҳидоятпазир аз дур)-и амрикоӣ шомгоҳи якшанбе дар наздикии фурудгоҳи Багром, ки бузургтарин пойгоҳи амрикоиҳо дар Афғонистон аст, ба далоили номаълуме суқут кард.

Ба гузориши ИРНА, Абдушукур Қуддусӣ, фармондори шаҳристони Багром ба расонаҳои дохилии Афғонистон гуфтааст, ки ин паҳпод дар минтақаи Дашти Борики шаҳристони Багром суқут кардааст.

Аммо бархе манобеи хабарии дигар далели суқути ин паҳподро нақзи фаннӣ эълом кардаанд ва дар ин миён фармондори шаҳристони Багром ҳам гуфта, ки баррасиҳо барои баррасии иллати суқут оғоз шудааст.

Неруҳои амрикоӣ худ ҳанӯз дар мавриди ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

Устони Парвон дар шимоли устони Кобули маркази Афғонистон воқеъ аст ва Амрико аз фурудгоҳи Багром дар ин устон барои пӯшиши умдаи ниёзҳои таробарӣ ва пуштибонии худ, истифода мекунад ва ин пойгоҳ бештар монанди шаҳраки ихтисосӣ амал мекунад.