Шикасти сангини Амрико дар ҷанги ҷаҳонии эҳтимолӣ
Натоиҷи таҳқиқоти муассисаи амрикоии Ранд нишон медиҳад, дар сурати рух додани ҷанги ҷаҳонӣ дар оянда, Амрико шикасти сахт ва сангине аз рақибони худ хоҳад хурд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, ин муассисаи таҳқиқотии амрикоӣ дар силсилаи бознигариҳои роҳбурдии худ ба нуқсҳо ва нотавониҳои амниятии Амрико муқобили қудратҳои дигар, азҷумла Русия ва Чин пардохтааст.
Хулосаи таҳқиқоти ин муассисаи тарафи қарордоди Вазорати дифои Амрико - Пентагон ин аст, ки дар сурати вуқӯи ҷанги ҷаҳонии севум, Амрико шикаст хоҳад хурд ва муқобили Русия ва Чин қудрати худро аз даст хоҳад дод.
Муассисаи Ранд тавоноиҳои Амрикоро барои рӯёрӯӣ дар ҷанги эҳтимолӣ баррасӣ карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки ҳарчанд ҳазинаҳои низомии ин кишвар аз 700 миллиард доллар дар сол фаротар рафтааст, аммо дар сурати вуқӯи ҷанг хисоратҳои сангине пазиро хоҳад шуд.
Дар лоиҳаи буҷаи имсол низ, ки ба Конгресси Амрико фиристода шудааст, ҳазинаҳои низомӣ афзоиш ва буҷаи бархе барномаҳои рифоҳии давлат коҳиш ёфтааст.