Бунёнгузори Ватсап: Ҳисобҳои Фейсбуки худро пок кунед
Браян Актон, яке аз ду бунёнгузори шабакаи иҷтимоии Ватсап дар Донишгоҳи Стенфорд бори дигар аз корбарони Фейсбук хост, ҳисобҳои худ дар ин шабакаи иҷтимоиро пок кунанд (бубанданд).
Ба гузориши ИРНА, ин дувумин бор аст, ки Актон дар суханрониҳои худ аз ҳозирон мехоҳад то бо пок кардани ҳисобҳои Фейсбуки худ ба ҳузур дар ин шабакаи иҷтимоии бузург поён диҳанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Браян Актон соли 2014 ба ҳамроҳиёни Ҷан Кум, дигар бунёнгузори Ватсап, ин шабакаи иҷтимоиро ба қимати 19 миллиард доллар ба Фейсбук фурӯхт.
Актон дар суханронии ахири худ ҳамчунон аз тасмимаш барои фурӯши Ватсап ба Фейсбук дифоъ кард ва гуфт, ҳеҷ роҳи дигаре ҷуз фурӯши Ватсап ба Фейсбук дар баробарашон набуд, зеро бояд ба манофеи кормандонашон фикр мекарданд.
Фурӯши Ватсап ба Фейсбук, Актонро ба як миллиардер бадал кард, бо ин ҳол ӯ то ноябри 2017 ҳамчунон ба кор дар Фейсбук идома дод.
Саранҷом пас аз даъвое, ки гуфта мешавад, иллати он мухолифати ду бунёнгузори Ватсап бо вуруди таблиғот ба Ватсап ва истифода аз иттилооти корбарон барои ин манзур буд, онҳо расман аз Фейсбук ҷудо шуданд.
Актон пештар низ дар гуфтугӯи ҷанҷолӣ бо Форбс алайҳи Фейсбук ва Марк Сукерберг мавзеъ гирифта буд.
Вай бо ишора ба ихтилофи назараш бо Фейсбук гуфта буд, ки дар ҳақиқат ҳарими хусусии корбарони Ватсапро барои касби манофеи бештар фурӯхтааст.