Март 19, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози тарҳи ҳисоркашӣ дар марзҳои Покистону Эрон

Фармондеҳи артиши Покистон дар иёлати Балучистон аз оғози тарҳи ҳисоркашӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳафтаи оянда хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, генерал Осим Салим Боҷво имрӯз дар шаҳри Кветаи Покистон гуфт, таъмини амнияти марзҳо иҷтинобнопазир аст ва то кунун 370 километр аз навори марзии иёлати Балучистон ҳисоркашӣ шуда ва қарор аст, манотиқи марзии Покистон бо Эрон низ ба зудӣ ҳисоркашӣ шавад.

Пеш аз ин ҳам сарлашкар Осиф Ғафур, сухангӯи артиши Покистон эълом карда буд, ин кишвар барои тақвияти амнияти марзҳои муштарак ҳамкориҳои бисёр олӣ дар тамоми сутуҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад.

Хати марзии Эрону Покистон ба фосилаи 959 километр аст, ки ин ду кишварро аз якдигар ҷудо мекунад.

Дар пайи чандин бор тааррузи гурӯҳҳои террористӣ аз Покистон ба хоки Эрон давлати Покистон тасмим гирифт, дар марзи ду кишвар девор бисозад.