Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ ҳимояти Трамп аз ишғоли Ҷавлонро маҳкум кард
(last modified Sun, 24 Mar 2019 16:29:07 GMT )
Март 24, 2019 21:29 Asia/Dushanbe
  • Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ ҳимояти Трамп аз ишғоли Ҷавлонро маҳкум кард

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ бо судури баёнияе, ҳимояти Доналд Тарамп раиси ҷумҳурии Амрико аз ишғоли баландиҳои Ҷавлон тавассути режими саҳюнистиро маҳкум кард.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико 21 март дар сафҳаи Твиттери худ, ҳимояти комили Вашингтон аз ҳокимияти режими Исроил бар баландиҳои ишғолии ҷавлони Сурияро эълом кард.

Ба гузориши якшанбеи ИРНА, Алиакбари Вилоятӣ дар ин баёния, ба бунбасти стратегияи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё бо ҳадафи таъмин ва тазмини амнияти режими саҳюнистӣ ишора кард ва афзуд: Амрико пас аз лашкаркашии мустақим ва ишғоли низомии Афғонистон, Ироқ ва Сурия ва шикасти тавтиаи Ховари Миёнаи ҷадид тавассути ҷабҳаи муқовимат рӯйкарди худро тағйир дода ва сиёсати ҷанги ниёбатӣ ва ҳимоят, пуштибонӣ, таслиҳ ва омӯзиши гурӯҳҳои такфирӣ ва террористиро дар пеш гирифтааст.

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ тасреҳ кард: Иқдомҳои ғайриқонунӣ, ғайримашрӯъ ва хориҷ аз ҳуқуқи байналмилал аз сӯи давлати Трамп бо ҳадафи хидмат ба лобии саҳюнизми байналмилал ва раҳоӣ аз мушкилоти дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Вилоятӣ дар ин паём хотирнишон кард: Интиқоли сафорати Амрико ба Қудси Шариф, тарроҳии муомилаи қарн, ба расмият шинохтани ишғоли баландиҳои Ҷавлон тавассути режими саҳюнистӣ бетардид бар мушкилот ва буҳрони минтақа беш аз пеш хоҳад афзуд ва ҷабҳаи муқовиматро мусаммамтар дар муқобила бо режими саҳюнистӣ хоҳад кард.

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ таъкид кард: Баландиҳои Ҷавлон бахши ҷудоинопазири ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия аст ва иқдоми давлати Трамп боиси печидатар шудани ҳарчи бештари таҳаввулоти минтақа ва эҷоди инзиҷор, хашм ва ранҷи бештари мардуми мазлуми минтақа хоҳад шуд.