Март 25, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Фуруди ду ҳавопаймои русии ҳомили маҳмулаи кумакҳо ба Венесуэла

Ду ҳавопаймои русии ҳомили як маҳмулаи кумакҳои 35 ҳазор тоннӣ дар фурудгоҳи Каракас (пойтахт Венесуэла) фуруд омаданд.

Ба гузориши ИРНА, ду ҳавопаймои Русия дар фурудгоҳи аслии шаҳри Каракас, пойтахти Венесуэла фуруд омаданд ва ҳудуди сад нерӯи низомии Русия ба ҳамроҳи як фармондеҳро низ дар Венесуэла пиёда карданд.

Расонаҳои ин кишвар ҳамчунин эълом карданд, ки ин афрод дар замони вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии Симон Боливар мавриди истиқболи масъулони олирутбаи низомии Венесуэла ва масъулони сафорати Русия дар Каракас қарор гирифтаанд.

Расонаҳо аз ҳаргуна изҳори назаре дар хусуси ҳадафи сафари ин ҳайати низомӣ ва моҳияти ин маҳмула худдорӣ кардаанд.

Эъломи хабари эъзоми ин ду ҳавопаймо пас аз он сурат мегирад, ки Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла муддаӣ шуда буд, ки Николас Мадуро, раисиҷумҳури кишвараш пуштибонии дохилӣ ва байналмилалиро аз даст додааст.

Амрико дар ҳафтаҳои ахир бо ҳимоят аз мухолифони давлати Венесуэла ба думболи анҷоми кудато дар ин кишвар аст.

Хуан Гуайдо чаҳоршанбе (23 январ 2019) бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раисиҷумҳури Венесуэла хонд; Иқдоме, ки давлат ва миллати Венесуэла онро кудато алайҳи Николас Мадуро, раисиҷумҳури мунтахаби мардум баршумурданд.

Бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Эрон, Русия ва Чин ҳам ин рафтори Амрикоро маҳкум ва бар лузуми эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Венесуэла таъкид кардаанд.

Амрико бо эъмоли таҳрим ва ҳимоят аз мухолифони давлати Венесуэла талош мекунад, давлати қонунии ин кишварро, ки рӯйкарде зидди амрикоӣ дорад сарнагун кунад.

 

Барчасп