Март 28, 2019 11:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муовини ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон бар зарурати озодии диндорон

Муовини ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз озодӣ аз зиндон, хостори озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши идораи кулли Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, муовинати бурунмарзӣ, Ҳоҷӣ Элчин Қосимов пас аз озодӣ, бо ибрози умедворӣ ба озодии дигар зиндониёни сиёсӣ ва диндорони маҳбус дар ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, имрӯз нороҳаткунандатарин масъала ин аст, ки ин инсонҳо бидуни ҳеҷ ҷурме дар зиндон ҳастанд.

Ҳоҷи Элчин Қосимов афзуд, исботи бегуноҳии ин афрод нишон медиҳад, ки дигар дастгиршудагон дар иртибот бо парвандаи “Нордорон” низ бегуноҳ ҳастанд ва бояд аз зиндон озод шаванд.

Ҳуҷҷатулислом Толеъ Боқирзода дар 26 октябри 2015 дар маҷлиси азодории ҳусайнӣ дар остонаи Арбаин, дар рустои Нордорон, дар наздикии Боку ба ҳамроҳи 17 тан аз азодорони ҳусайнӣ ва фаъолони ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонон дастгир ва сипас ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Беш аз 150 нафар аз рӯҳониён ва фаъолони шиаи ҷумҳурии Озарбойҷон тайи солҳои ахир ба иллати эътироз ба тарвиҷи мафосиди ахлоқӣ ва мамнуияти ҳиҷоб дар мадрасаҳо ва марокизи омӯзишии ҷумҳурии Озарбойҷон дастгир ва ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд.