Март 28, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Трамп: “Гугл” ба артиши Амрико мутааҳҳид аст

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер аз дидораш бо Сандар Пайчай, мудири ширкати амрикоии “Гугл” хабар дод ва навишт, “Гугл” комилан ба артиши Амрико, ва на артиши Чин мутааҳҳид аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ин изҳороти Трамп дар ҳолест, ки вай пеш аз ин “Гугл” - ро ба ҷосусӣ барои Чин ва кумаки тиҷорӣ ба артиши ин кишвар муттаҳам карда буд.

Генерал Ҷозеф Данфорд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико низ 14 – уми март дар конгресси ин кишвар аз фаъолияти “Гугл” дар Чин ибрози нигаронӣ кард ва изҳор дошт, Вазорати дифои Амрико (Пентагон) муътақид аст, “Гугл” дар ҳоли кумаки ғайримустақим ба артиши Чин аст.

Тайи солҳои ахир, Амрико борҳо Чинро ба сирқати моддӣ ва маънавии иттилооти тиҷорӣ ва фанноварӣ муттаҳам кардааст. Ба гунае, ки иттиҳомзанӣ дар бораи нақзи ҳуқуқи моликияти маънавӣ, равобити Пекин ва Вашингтонро таҳти таъсир қарор додааст.

Дар ҳамин пайванд, дар ҳоли ҳозир нуқтаи тамаркузи давлати Трамп талоши густурда барои мамониат аз фаъолияти ғӯли фанноварии иртибототии Чин, яъне ширкати Ҳуавей (Huawei) аст.

Давлати Амрико аз кишварҳои аврупоӣ хостааст, аз таҷҳизот ва фанновариҳои ширкати Ҳуавей ба баҳонаи имкони ҷосусии Чин аз тариқи таҷҳизоти ин ширкат, истифода накунанд.

 Ин иқдомоти Трамп дар ростои эҷоди маҳдудият барои пешрафти технологии Чин ва низ касби имтиёз дар ҷанги тиҷории Амрико ва Чин сурат мегирад.

 

 

Барчасп