Раисҷумҳури Русия вориди Бишкек шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42741-Раисҷумҳури_Русия_вориди_Бишкек_шуд
Раисҷумҳури Русия дар раъси як ҳайат аз мақомоти олирутбаи ин кишвар вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Русия вориди Бишкек шуд

Раисҷумҳури Русия дар раъси як ҳайат аз мақомоти олирутбаи ин кишвар вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар раъси як ҳайат аз мақомоти олирутбаи ин кишвар вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.

Раисҷумҳури Русия дар ҳангоми вуруд мавриди истиқболи Сооронбой Ҷенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон қарор гирифт.

Қарор аст музокироти ду раисҷумҳур дар ибтидо пушти дарҳои баста ва пас аз он гуфтугӯ бо ҳузури коршиносон ва хабарнигорон баргузор шавад.

Бар асоси иттилооти аввалия, қарор аст беш аз 15 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, омӯзишӣ, низомӣ ва ғайра ба имзои тарафайн бирасад.