Март 29, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Захарова: Ҳузури низомиёни Русия дар Венесуэла қонунӣ аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, низомиёни ин кишвар дар чорчӯби тавофуқҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ дар Венесуэла ҳузур доранд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Мария Захарова гуфт, тарафи русӣ ҳеҷ робитаи байналмилалӣ ё қонуни дохилии Венесуэларо зери по нагузоштааст.

Захарова афзуд, ҳузури низомиёни рус дар Венесуэла тавозуни нерӯҳо дар минтақаро тағйир намедиҳад ва Русия ба мушорикати қонунии худро бо давлати Венесуэла идома хоҳад дод.

Вай таъкид кард, давлати Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла танҳо қудрати қонунӣ дар ин кишвар аст ва Хуан Гуайдо (Juan Guaidó) саркардаи мухолифон машрӯяте надорад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, ҳамчунин дар вокуниш ба ахбори мунташир шуда дар бархе расонаҳои ғарбӣ дар бораи инки гӯё Русия қасди эҷоди пойгоҳ низомӣ дар Венесуэларо дорад, гуфт: Дар Қонуни асосии Венесуэла ба таври мушаххас таъкид шуда, ки ҳеҷ пойгоҳи низомии хориҷӣ дар хоки ин кишвар наметавонд эҷод шавад, вале ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ бар асоси тавофуқоти дуҷониба, қонунӣ аст.