Март 30, 2019 17:02 Asia/Dushanbe

Пас аз Амрико ва Бразилия гӯё акнун навбати Украина аст, ки шоҳиди пирӯзии як номзади "популист" бидуни пешинаи сиёсӣ бошад.

Ба гузориши сомонаи хабарии Асри Эрон, назарсанҷиҳо ҳикоят аз он дорад, ки шонси Владимир Зеленскийи ҳаҷвнигори 41 солаи барномаҳои саргармкунандаи телевизиони Украина беш аз рақибон аст.

Ду номзади аслии интихоботи раёсатҷумҳурии Украина Петро Порошенко, раисиҷумҳурии кунунӣ ва хонум Юлия Тимошенко ҳастанд, аммо Владимир Зеленский тавониста аз беэътимод шудани бахши бузурге аз афкор умумии Украина ба сиёсатмадорон ва аҳзоби ин кишвар, ниҳояти истифодаро бибарад ва дар назарсанҷиҳо аз ду рақиби саршиноси худ пеш афтад.

Ин чеҳраи телевизионӣ ва синамоии Украина ҳеҷ гуна собиқаи сиёсӣ надорад ва расонаҳо ба ӯ "Трапми Украина" лақаб додаанд, аммо Зеленский дар пешинаи бозигарии худ собиқаи бозӣ дар нақши як раиси ҷумҳури "кавдан"-ро дар як сериали телевизионӣ дорад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина қарор аст, якшанбе (31 март) баргузор шавад ва ин интихоботро Русия ва кишварҳои ғарбӣ бо диққат думбол мекунанд.

Украина аз соли 2014 даргири буҳрони ҷиддӣ ва таниши сиёсӣ- низомӣ бо Русия аст ва дар соли 2014 ҳокимияти худ бар Қримро аз даст дод.