Даъвати Эрдуғон аз мардуми Туркия барои ширкат дар интихобот
(last modified Sat, 30 Mar 2019 12:39:20 GMT )
Март 30, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Эрдуғон аз мардуми Туркия барои ширкат дар интихобот

Раисиҷумҳури Туркия мардуми ин кишварро ба ширкат дар интихоботи шаҳрдориҳо ва шӯроҳои маҳаллӣ фаро хонд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “TRT”-и Туркия, аз шаҳрвандони хост, ки дар интихоботи шаҳрдориҳо ва шӯроҳои маҳаллӣ ширкат кунанд ва касонеро, ки намехоҳанд раъй диҳанд ба раъй додан ташвеқ кунанд.

Эрдуғон ҳузури густурдаи мардуми Туркия дар ҳамоишҳои интихоботиро нишонаи тамоюли мардум ба ширкат дар интихоботи фардо (31 март) донист.

Аввалин интихоботи маҳаллӣ ва шаҳрдориҳо дар ҷумҳурии Туркия дар соли 1930 анҷом шуд.

Интихоботи 31 март нуздаҳумин давраи интихоботи маҳаллӣ ва шаҳрдориҳои Туркия аст.