Суқути шаҳристони Арғанҷхоҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон
(last modified Sat, 30 Mar 2019 14:02:47 GMT )
Март 30, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
  • Суқути шаҳристони Арғанҷхоҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон

Узви Шӯрои вилояти Бадахшони Афғонистон аз суқути шаҳристони Арғанҷхоҳи ин вилоят дар ҳамлаи Толибон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Аҳмадҷовид Муҷаддадӣ гуфт, шаҳристони Арғанҷхоҳи вилояти Бадахшон пас аз 20 соат набард, миёни Толибон ва нерӯҳои артиши Афғонистон соати яки бомдоди имрӯз шанбе ба вақти маҳаллӣ ба контроли Толибон даромад.

Вай афзуд, дар набардҳои рӯзи гузашта 14 низомӣ ва нерӯҳои мардумӣ кушта ва беш аз 10 тани дигар захмӣ шуданд.

Бадахшон аз ҷумлаи вилоятҳои ноамни шимоли Афғонистон башумор меравад.