Март 30, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Вазъи бади говҳо, омили барканории чанд мақоми беларусӣ

Раисиҷумҳури Беларус муовини нахуствазир ва чанд мақоми дигари ин кишварро ҳангоми боздид аз як говдорӣ ва мушоҳидаи вазъияти ғайри беҳдоштии он, барканор кард.

Ба гузориши ИРНА, дар филме, ки аз Александр Лукашенко дар ҳангоми боздид аз як говдорӣ дар устони Могилёви Беларус дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, дида мешавад, ки ӯ дар вокуниш ба вазъияти нобасомони ин муҷтамаи кишоварзӣ, барканории раиси говдорӣ ва устондори Могилевскро ба таври шифоҳӣ эълом мекунад.

Муовини нахуствазир ва вазири кишоварзӣ ва маводи ғизоии Беларус низ як рӯз пас аз ин боздид, ба дастури Лукашенко аз мақоми худ барканор шуданд.

Расонаҳои Беларус гузориш додаанд, ки ин рӯйдод сешанбеи гузашта ҳангоми боздиди Лукашенко аз говдории муҷтамаи кишоварзӣ дар минтақаи Шклофи устони Могилёв рух додааст.

Лукашенко, ки дар филм ба шиддат асабонӣ баназар мерасад аз раиси муҷтамаи кишоварзӣ мепурсад, магар дар урдугоҳи Освентсим (урдугоҳи Олмон дар Полша дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ) кор мекунед, ки чунин рафторн бо ҳайвонот доред?

Раисиҷумҳури Беларус ба доштани рафтори тунд бо мақомҳои ҳукумати ин кишвар маъруф аст ва борҳо дар ҷаласаҳои давлат бо тундтарин лаҳн аз мақомҳое, ки аз дастурот сарпечӣ кардаанд, интиқод карда ва ё ононро барканор кардааст.