Март 31, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ду кушта дар як ҳавзаи раъйгирӣ дар Туркия

Ду нафар дар ҳавзаи раъйгирии шаҳристони Путургеи вилояти Малатияи Туркия кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ин ду нафар дар даргирии байни ду гурӯҳи мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Пулиси Истанбул низ имрӯз эълом кард, 90 мазнуни террористиро боздошт кардааст. Пулиси Туркия эълом кардааст, ин афрод қасди харобкорӣ дар ҳавзаҳои раъйгириро доштанд.