Апрел 01, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Зиндагии ҳазрати Заҳро (с) - сармашқи занони мусалмон

Вазири умури мазҳабии давлати Покистон сабки зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) -ро сармашқе барои занони мусалмони ҷаҳон донист.

Ба гузориши ИРНА, Пир Нурулҳақ Қодирӣ рӯзи душанбе, дар ҳамоише бо унвони “Хотуни Ҷаннат” дар шаҳри Исломобод таъкид кард, роҳи наҷоти мусалмонон дар гарави пайравӣ аз сираи аҳли байт (а) ва сармашқ гирифтан аз сабки зиндагии ин бузургони дин аст.

Вай ҳамчунин аз мусалмонон хост, аз тафриқа дурӣ кунанд.

Муфтӣ Гулзор Наимӣ, раиси Ммарказ имазҳабии ҷомеаи Наимияи Исломобод низ дар ин ҳамоиш гуфт, миллатҳои мусалмон, бавижа бонувон бояд сирати Фотимаи Заҳро (с), духти гиромии расули Худо (с) -ро дастуруламал ва сармашқи худ созанд.

Вай таъкид кард, вуҷуди нозанини ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва зиндагии пурбаракати эшон барои занони мусалмон ҳамчун хуршеде нурафшонӣ мекунад.

Дар ҳамоиши “Хотуни Ҷаннат” дар Исломобод, шуморе аз уламои барҷастаи аҳли тасаннун ва шахсиятҳои сиёсӣ, азҷумла Муҳаммад Иброҳим аз Ҳизби ҷамоати исломӣ, Соҳибзода Султон Аҳмадалӣ ва Соқиб Акбар, аз андешамандони динӣ ва сиёсӣ низ суханронӣ карданд.