Апрел 02, 2019 19:59 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Олмон аз раиси “Фейсбук”

Раиси шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, ки ба пойтахти Олмон сафар кардааст, бо интиқоди шадиди вазири додгустарии ин кишвар мувоҷеҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Катарина Барли (Katarina Barley), вазири додгустарии Олмон дар дидор бо Марк Зукерберг (Mark Zuckerberg), раиси шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” эълом кард, вай аз масъулияти ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳифзи ҳарими хусусии ду миллиард инсон сухан мегӯяд, аммо аз натиҷаи ин суханон хабаре нест. Хонум Барли афзуд, “Фейсбук” бо ин рафтор эътимоди дигаронро аз даст додааст. Вазири додгустарии Олмон дар идома зимни интиқод аз тарҳи якпорчасозии шабакаҳои иҷтимоии “Вотс апп”, “Фейсбук” ва “Инстаграм” гуфт, ин кор мушкилотеро барои ҳифзи иттилооти корбарон ба вуҷуд хоҳад овард.

Идораи “Картел Федерал”, ки ниҳоди миллии Олмон дар заминаи баррасии вазъияти рақобатҳои тиҷорӣ дар ин кишвар аст, аз чаҳор сол пеш дар ҳоли таҳқиқ дар мавриди амалкарди “Фейсбук” аст. Идораи “Картел Федерал” “Фейсбук”-ро ба сӯистифода аз тасаллути худ бар бозори шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам карда, мегӯяд, ин шабакаи иҷтимоӣ бидуни касби ризоияти корбарон ё иттилоърасонӣ ба онҳо иттилооти хусусии ононро ҷамъоварӣ мекунад.