Мухолифати Британия бо иқдоми Трамп дар мавриди баландиҳои Ҷавлон
Сухангӯи умури Ховари Миёна ва шимоли Африқо дар давлати Британия бо иқдоми раисҷумҳури Амрико дар барасмият шинохтани ҳокимияти режими саҳюнистӣ бар баландиҳои ишғолшудаи Ҷавлон, мутааллиқ ба Сурия мухолифат кард.
Ба гузориши шабакаи “Скай нюс”, Аллисон Кинг, сухангӯи умури Ховари Миёна ва шимоли Африқо дар давлати Британия эълом кард, пайвастани заминҳои ишғолшудаи Ҷавлон нақзи усули аслии қонунҳои байналмилалӣ аст.
Аллисон Кинг афзуд, Британия ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳаргиз илҳоқи арозии Ҷавлонро бо зӯр қабул надоранд.
Доналд Трмап, раисҷумҳури Амрико 25 март дар иқдоме хилофи муқаррароти байналмилалӣ ва нақзи ошкори қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҳукмеро имзо кард, ки ба мӯҷиби он Вашингтон ҳокимияти режими саҳюнистӣ бар баландиҳои ишғолшудаи Ҷавлони Сурияро ба расмият мешиносад.
Режими саҳюнистӣ дар соли 1967 ҳудуди ҳазору 200 километри мураббаъ аз хоки Сурия дар баландиҳои Ҷавлонро ишғол ва пас аз муддате ин минтақаро ба сарзаминҳои ишғолӣ илҳоқ кард. Ҷомеаи байналмилал ҳаргиз ин иқдоми Трампро ба расмият нишнохтааст.