Трамп то ҳоло чӣ қадр дурӯғ гуфтааст?
Шабакаи амрикоии “Си Эн Эн” теъдоди дурӯғҳои Доналд Трампро аз замони рӯйи кор омаданаш то ҳол шумурдааст.
Шабакаи амрикоии “Си Эн Эн” эълом кард, Доналд Трамп одат дорад, ки ҳамеша изҳороти гумроҳкунанда ба забон биоварад.
Бар асоси гузориши “Си Эн Эн”, раисҷумҳури Амрико дар ҳудудм 800 рӯзе, ки аз замони рӯйи кор омаданаш гузаштааст, 9 ҳазору 451 бор суханони дурӯғин ё гумроҳкунанда ба забон овардааст.
Гузориши “Си Эн Эн” меафзояд, дурӯғгӯии Трамп дар 200 рӯзи гузашта ба авҷи худ расид, ба тавре, ки ҳар рӯз ба таври миёнгин 22 сухани дурӯғ ба забон овард.
Трамп дар соли аввали раёсати ҷумҳурии худ ҳар рӯз 5.9 сухани дурӯғ ба забон меоварад.
Ин омор нишон медиҳад, ки дурӯғгӯии Трамп дар муқоиса бо соли аввали раёсати ҷумҳуриаш ҳудуди чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.
Рӯзномаи “Вашингтон пост” ҳам муҳимтарин дурӯғҳои Трампро “ақибнишинии неӯҳои амрикоӣ аз Сурия, лағви таҳримҳои Кореяи Шимолӣ, иддаои расонидани иқтисоди Амрико ба беҳтарин вазъият ва иддаои сохти девор дар марзи Амрико бо Мексика ном бурд”.