Ихроҷ аз НАТО. Таҳдиди бесобиқаи Амрико алайҳи Туркия
(last modified Thu, 04 Apr 2019 09:41:50 GMT )
Апрел 04, 2019 14:41 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷ аз НАТО. Таҳдиди бесобиқаи Амрико алайҳи Туркия

Равобити Амрико ва Туркия дар се соли ахир, яъне пас аз кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дучори танишҳои зиёде шудааст. Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико дар 20 январи 2017, мақомоти аршади Туркия умедвор буданд, ки давраи ҷадиде дар равобити Амрико ва Туркия ба вуҷуд хоҳад омад, аммо дар амал ихтилофоти ду кишвар ба шиддат ташдид шудааст.

Яке аз ихтилофоти муҳими Амрико ва Туркия, пофишории Анқара бар хариди сомонаи мушакии зиддиҳавоӣ ва зиддимушакии “С -400” аз Русия аст.

Туркия яке аз кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аст ва Вашингтон муддаӣ аст, ки вуруди сомонаи “С-400” ба шабакаи падофанди ҳавоии НАТО метавонад нуқоти заъфи ҷангандаҳои кишварҳои узви ин паймон, азҷумла Ф-35 -ро барои Русия ошкор кунад.

Ҳамчунин давлати Трамп нигарон аст, ки хариди таслиҳоти русӣ ва вобастагии таслиҳотӣ ба Русия, Акараро беш аз пеш ба самти Маскав савқ диҳад.

Бо ин ҳол, ин ҳама моҷаро нест ва масоили дигаре низ матраҳ аст. Бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки нигаронии амрикоиҳо то ҳадде ба далели заъфи сомонаи мушакии “Патриот” дар баробари “С -400” аст.

Хариди “С -400” тавассути Туркия на фақат бо мухолифати шадиди Конгресси Амрико ва Пентагон мувоҷеҳ шудааст, балки Вашингтон гомҳои амалӣ барои ҷилавгирӣ аз ин хариди таслиҳотӣ анҷом додааст.

Мақомҳои давлати Амрико муддаӣ ҳастанд, ки сомонаи мушакии “С- 400” Русия таҳдиде барои ҷангандаи Ф-35 аст. Бо вуҷуди фишорҳои Амрико, аммо Анкара ҳамчунон бар хариди ин сомонаи мушакӣ аз Русия таъкид мекунад.

 

Ин масъала боис шуда то Вашингтон зимни худдорӣ аз таҳвили ҳавопаймоҳои ҷангандаи Ф -35 ба Туркия, таҳдидоти ҷадидеро низ алайҳи он матраҳ кунад.

Амрико рӯзи душанбе нахустин гом барои таваққуфи фурӯши ҷангандаҳои Ф-35 ба Анкараро бардошт ва ирсоли қатаот ва таҷҳизоти ин ҷангандаро ба Туркияро мутаваққиф кард.

Дар айни ҳол, Вашингтон ба таҳдиди бесобиқаи Анкара пардохта ва дар ин росто Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбешаб ба Туркия ба далели исрор барои хариди сомонаи мушакии “С-400” –и Русия ҳушдор дод ва гуфт: Туркия бояд байни мондан дар НАТО ва хариди “С-400” якеро интихоб кунад.

Пенс дар маросими ҳафтодумин солгарди таъсиси Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар Вашингтон гуфт, Туркия бояд интихоб кунад, ки оё мехоҳад ба унвони як шарики муҳим дар НАТО бимонад ё ин ки мехоҳад ин широкатро бо тасмимҳои бепарво нобуд созад.

Муовини раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки муттаҳидони НАТО набояд аз душманон силоҳ бихаранд.

Ба ин тартиб, рӯёрӯии Амрико ва Туркия бар сари хариди сомонаи мушакии “С -400” вориди марҳалаи бесобиқае шудааст ва дар ин росто Вашингтон бо матраҳ кардани таҳдиде ҷиддӣ, яъне ихроҷи Туркия аз НАТО, Анкараро дар вазъияти бисёр душворе қарор додааст.

Изҳороти Пенс дар ҳоле матраҳ шуд, ки Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия дар Вашингтон таъкид кард, кишвараш қатъан сомонаи мушакии “С-400” –и Русияро хоҳад харид.

Амрико дар моҳҳои ахир борҳо ба Туркия дар хусуси хариди ин сомонаи мушакӣ ҳушдор додааст.

Чарлз Саммерс, сухангӯи Вазорати дифои Амрико ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кард, хариди “С-400” барои Туркия авоқиби хатарноке дорад. Туркия бо хариди сомонаи дифои мушакии “С-400” аз Русия, ба ҷангандаҳои Ф - 35 ва сомонаи мушакии “Патриот” дигар даст нахоҳад ёфт.

Аз дидгоҳи мақомоти аршади турк, бавижа Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, Амрико дар ин замина рӯйкарди дугонаеро пеш гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоле, ки дигар кишварҳои узви НАТО монанди Булғория, Юнон ва Словакия аз сомонаи мушакии “С -300” –и русӣ истифода мекунанд, аммо Амрико фишор ва таҳдидоти рӯзафзуне алайҳи Туркия барои мамониат аз хариди сомонаи “С -400” эъмол мекунад.

Бо ин ҳол, Туркия на фақат бар иҷрои ин қарордод таъкид дорад, балки вазири дифои ин кишвар гоме фаротар ниҳода ва хоҳони хариди сомонаи мушакии бисёр пешрафтаи “С -500” аз Русия дар оянда шудааст.