Интишори гузориши муқаддамотии суқути Боинг 737 дар Эфиопия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42885-Интишори_гузориши_муқаддамотии_суқути_Боинг_737_дар_Эфиопия
Мақомоти Эфиопия, аз интишори гузориши муқаддамотӣ дар хусуси суқути ҳавопаймои “Боинг 737 Макс-8”-и Эфиопия хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 04, 2019 14:14 Asia/Dushanbe
  • Интишори гузориши муқаддамотии суқути Боинг 737 дар Эфиопия

Мақомоти Эфиопия, аз интишори гузориши муқаддамотӣ дар хусуси суқути ҳавопаймои “Боинг 737 Макс-8”-и Эфиопия хабар доданд.

Ба гузориши Спутник, Дагмавит Могэс, вазири ҳамлу нақли Эфиопия дар хусуси суқути ҳавопаймои Боинг 737 макс - 8 гуфт, халабонҳо талош карданд тамоми иқдомоте, ки онҳоро қодир месохт то контроли ҳавопайморо дар даст гиранд бакор банданд, аммо муваффақ нашуданд.

Вазири ҳамлу нақли Эфиопия ҳамчунин гуфт, интизор меравад таҳқиқот дар хусуси ин ҳодиса зарфи яксол ба поён бирасад.

Дар гузориши аввалияи ин ҳодиса аз ширкати Боинг хоста шуда то системаи контроли ҳавопаймои худро мавриди бозбинӣ қарор диҳад.

Гуфтунист дар пайи суқути ҳавопаймои Боинг 737 макси хутути ҳавоии Эфиопия, тамоми 157 сарнишини он ҷон бохтанд.

Бисёре аз кишварҳо, парвози ин навъ аз ҳавопаймои мусофирбарии сохти ширкати амрикоии Боингро мамнӯъ эълом кардаанд.