Апрел 04, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии расонаи бритониёӣ дар бораи суди Лондон аз ҷанги Яман

Шабакаи чаҳоруми телевизиони Бритониё, бо пахши гузорише аз суди молии ҳамкории густурдаи Лондон бо Риёз дари ҷанги Яман парда бардошт.

Шабакаи чаҳорум телевизиони Бритониё (Channel 4), бо пахши гузорише фош кард, давлати Бритониё аз оғози ҳамла ба Яман, панҷ миллиард пунд(фунт стерлинг) ба Арабистони Саудӣ, силоҳ фурӯхта ва хадамоти коршиносӣ ироа додааст.

Дар ин гузориши омадааст, шуморе аз кормандони собиқи ширкати бритониёии «Bae» ва дорои қарордод бо Арабистон, дар тӯли анҷоми маъмурияти низомӣ дар ҳамла ба Яман аз моҳияти кори назоратии худашон фаротар рафта буданд.

Шабакаи чаҳоруми телевизиони бритониё, ҳамчунин дар ин гузориш фош кард, коршиносони низомии ширкати «Bae» дар муҷаҳҳаз кардани ҳавопаймоҳо ба бомбаҳо ва мушакҳои бакор рафта дар ҷанги Яман ширкат мекарданд ва далели мушорикати онон низ заъфи мутахассисони саудӣ будааст.

Бар асоси ин гузориш, нирӯҳои Саудӣ бидуни ҳимояти ширкати «Bae» наметавонистанд ҳавопаймоҳояшонро дар ҷанги Яман ба парвоз дароваранд.

Эътилофи ғарбӣ ба саркардагии Амрико, ҳамчунин Бритониё ва чанд кишвари аврупоӣ аз таъминкунандагони асли силоҳ барои Арабистон дар ҷанги алайҳи Яман ҳастанд.

Ҳамалоти низомии эътилофи Саудӣ аз соли 2015 ба мардуми бедифои Яман мунҷар ба қурбонӣ ва захмӣ шудани ҳазорон яманӣ ва нобудии зерсохтҳои ин кишвар шудааст.