Апрел 05, 2019 15:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Конгресси Амрико бар поёни кумак ба Арабистон дар ҷанги Яман

Маҷлиси намояндагони Амрико қатъномаеро тасвиб кард, ки ба мӯҷиби он Кохи Сафед бояд ба ирсоли кумакҳои низомӣ ба Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман поён диҳад.

Ба гузориши ИРНА, Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи панҷшанбе бо 247 раъйи мусбат дар баробари 175 раъйи манфӣ ин қатъномаро тасвиб кард. Ин қатънома аз давлат мехоҳад, то нерӯҳои низомии Амрико дар Яман ё он даста аз амрикоиҳоеро, ки ба навъе дар ин ҷанг асаргузоранд, аз ин кишвари арабӣ хориҷ кунад.

Пешбинӣ мешавад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ин қатъномаро вето кунад.

Арабистон бо ҳимояти Аморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, обӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва дору мувоҷеҳ кардааст.