Апрел 05, 2019 17:49 Asia/Dushanbe
  • Эъломи фоҷиаи миллӣ дар Кореяи Ҷанубӣ (видео)

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа дар пайи оташсӯзӣ дар манотиқи ҷангалии панҷ шаҳр ва шаҳристони соҳили шимолу ғарбии ин кишвар вазъияти фоҷиаи миллӣ эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ин оташсӯзии густурда то кунун як кушта ва ёздаҳ захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Оташсӯзӣ панҷшанбешаб дар Госунг, шаҳре воқеъ дар 210-километрии шарқи Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ оғоз шуд. Дар пайи вазиши боди шадид оташ ба суръат дар манотиқи кӯҳистонии атроф густариш ёфт ва шаҳристони Инҷе ва шаҳрҳои Сукчу, Дангаае ва Ганг Неунгро дар бар гирифт. Ин оташсӯзӣ то кунун мӯҷиби сӯхтани ҳудуду 250 ҳектор ҷангал ва ҳамчунин 125 панҷ хона шудааст.

Сокинони минтақа шаби гузашта дастури тахлияи манозили худро дарёфт карданд.

Бомдоди ҷумъа даҳҳо болгард ба минтақа эъзом шуданд ва ба назар мерасад, конуни аслии оташ маҳор шудааст.

Садҳо мошини оташнишонӣ ва ҳудуди даҳ ҳазор оташнишон, низомӣ ва пулис дар амалиёти имдод ва маҳори оташсӯзӣ мушорикат доранд.