Апрел 06, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  • Маскав мизбони вазирони хориҷаи ИДМ. Тақвияти ҳамкориҳо меҳвари музокирот

Нишасти Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Маскав бо ҳузури мақомоти ин созмон баргузор шуд.

Вузарои умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар ин нишаст мавзӯи ҳамкориҳои чандҷониба дар чорчӯби ин иттиҳод ва чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобили кишварҳои узвро баррасӣ карданд.

Ҳайати Узбакистон дар ин нишаст ба сарпарастии Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи ин кишвар ҳузур дошт.

Вазири хориҷаи Узбакистон дар ҳошияи ин нишаст бо Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дидор ва тавсеаи равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Нишасти ояндаи Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Ишқобод баргузор мешавад.

Ҷомеаи кишварҳои ИДМ ё Ҳамсуд пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳод дар 21 декабри 1991 (20 озари 1380) дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳод ба дунболи тасмими расмии русои ҷумҳури кишварҳои узв дар 3 декабр 1993 (12 озари 1382) ва дар пайи дархости Эдвард Шварнадзе, раисҷумҳури Гурҷистон дар 8 октябри 1993 (16 меҳри1382) сурат гирифт.

Беш аз 70 дарсади буҷаи созмони ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.

 

Барчасп