Вазири амнияти дохилии Амрико ба якбора истеъфо кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42929-Вазири_амнияти_дохилии_Амрико_ба_якбора_истеъфо_кард
Раисиҷумҳури Амрико аз тариқи “Твиттер” аз истеъфои Кристен Нилсен, вазири амнияти дохилии ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 08, 2019 09:18 Asia/Dushanbe
  • Вазири амнияти дохилии Амрико ба якбора истеъфо кард

Раисиҷумҳури Амрико аз тариқи “Твиттер” аз истеъфои Кристен Нилсен, вазири амнияти дохилии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп дар идомаи эъломи истеъфоҳои мақомоти зердастш аз тариқи “Твиттер”, ин бор дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ аз истеъфои Кристен Нилсен,вазири амнияти дохилии Амрико хабар дод. Ин иттифоқ ду рӯз пас аз он рух медиҳад, ки Нилсен ба ҳамроҳ Трамп аз марзҳои ҷанубии ин кишвар бо Мексика боздид карда буд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин истеъфо иҷборӣ будааст ё инки Нилсен бо тамоюли худ аз симматаш канорагирӣ кардааст. Трамп дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ навишт: Кристен Нилсен аз мақоми худ канор хоҳад рафт ва ман аз ӯ ба хотири хадамоташ сипосгузорам.

Хушҳолам эълом кунам, ки Кевин МакЛиннан, комиссариёи феълии марзӣ ва гумрукии Амрико сарпарасти Вазорати амнияти дохилиро феълан бар ӯҳда хоҳад дошт ва мутмаинам, ки аз паси ин кор бар хоҳад омад. Трамп пеш аз ин борҳо аз тариқи “Твиттер”, вазирон ва мақомоти аршади кобинаи Амрикоро барканор кардааст. Майка Помпео ахиран дар посух ба саволе дар бораи инки то чӣ муддат вазири хориҷаи Амрико хоҳад буд ба таъна посух дода буд: “То замоне, ки Трамп аз тариқи “Твиттер”, вайро барканор кунад”..!