Апрел 08, 2019 16:16 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши нерӯҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон

Зокир Ҳасанов, вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон барои тамомии фармондеҳони низомии ин кишвар барои оғози амалиёти низомӣ дастури омодабош содир кардааст.

Зокир Ҳасанов дар нишасте, ки дар пости фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳ дар Боку баргузор шуд, ба фармондеҳон ва раисони нерӯҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон дар тамомии сутуҳ дастур дод, фаъолияти душманонро таҳти контрол дошта бошанд ва дар сурати лузум ба онҳо посухи қотеона бидиҳанд.

Илова бар ин, вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон хостори афзоиши шиддати тамринот ва размоишҳо ва ҳамчунин афзоиши омодагии размии персонали низомӣ шуд.

Вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон дар изҳороти худ ба кишвари хосе ба унвони душман ишорае накард, аммо шакке нест, ки манзури вай аз “таҳаррукоти душманон” - рафтуомадҳои низомиёни Арманистон дар хутути тамоси нерӯҳои озарӣ ва арманӣ аст. Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон тайи чанд даҳаи гузашта бар сари моликияти минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ бо якдигар ихтилоф доштаанд.

Эъломи омодабош ба нерӯҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле аст, ки сарони Боку ва Ереван ахиран дар Вена аз гуфтугӯҳои мусбати мутақобил сухан ба миён овардаанд. Дар ҳақиқат, бо вуҷуди эъломи гуфтугӯҳои мусбат ва муассири раисҷумҳури Озарбойҷон ва нахуствазири Арманистон ба унвони болотарин мақомҳои ду кишвари ҳамсоя ва душман, иқдоми вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон нишондиҳандаи беэътимодии Боку ба ваъдаҳои Ереван аст.

Дар айни ҳол, бояд гуфт, судури фармони омодабоши нерӯҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле аст, ки низомиёни озарӣ, бавижа дар артиш аз шароити чандон матлубе бархурдор нестанд. Як пажӯҳишгари умури амниятии ҷумҳурии Озарбойҷон ахиран тайи гузорише аз кушта шудани дастикам 14 тан аз 250 тан аз афсарон ва дараҷадорони артиши ҷумҳурии Озарбойҷон зери шиканҷа хабар дод. Аристон Уруҷлу, коршиноси умури амниятии ҷумҳурии Озарбойҷон тайи мақолае дар расонаҳои озарӣ навишт:

“Дар ҳангоми таҳқиқ дар бораи низомиёни муттаҳам ба ҷосусӣ барои Арманистон мушаххас шуд, ки идораи амнияти дохилии Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон 200 тан аз афсаронро дар минтақаи Тартар ба ҷосусӣ барои Арманистон муттаҳам кардааст, ки дар давраи бозҷӯиҳо зери шиканҷа маълул ва ё дучори мушкилоти шадиди равонӣ шудаанд ва 14 тан низ зери ин шиканҷаҳо кушта шудаанд”.

Воқеият он аст, ки бо вуҷуди харидҳои низомии калон, ҷумҳурии Озарбойҷон аз заъфи зиёди низомӣ ранҷ мебарад. Мақомҳои давлати Илҳом Алиев ба манзури пӯшиш додан ба ин заъф, талош мекунанд бо гароиши фаровон ба Ғарб ва режими саҳюнистӣ ва гоҳе низ ҳамгароӣ бо Русия, заъфи низомии ҷумҳурии Озарбойҷонро ҷуброн кунанд.

Дар ҳамин росто, мақомҳои давлати Боку талош мекунанд ба баҳонаи ҳифозат аз хутути лӯлаи интиқоли нафти ҷумҳурии Озарбойҷон аз масири Боку- Тифлис - Ҷаҳон, бо бастани қарордодҳои низомӣ ва амниятӣ бо режими саҳюнистӣ, қудрати дифоии ин кишварро афзоиш диҳанд. Дар ҳоли ҳозир, теъдоди зиёде аз афроди иттилоотии созмони ҷосусии Исроил (Моссад) дар пӯшиши фаъолиятҳои омӯзишӣ дар пойгоҳҳои ҳавоии ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур доранд. Ба ҳамин далел аст, ки давлати Илҳом Алиев камтар бо пойгоҳҳои мардумӣ ба унвони пуштҷонаи ҳокимияти Боку таъкид дорад. Дар умури низомии ҷумҳурии Озарбойҷон низ бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти сарбозон ва нерӯҳои вазифа ё хидмати ҳарбии азариро бояд дар ҳамин росто арзёбӣ кард.

 

Барчасп