Венесуэла аз Созмони кишварҳои амрикоӣ хориҷ мешавад
(last modified Wed, 10 Apr 2019 07:54:55 GMT )
Апрел 10, 2019 12:54 Asia/Dushanbe
  • Венесуэла аз Созмони кишварҳои амрикоӣ хориҷ мешавад

Вазорати умури хориҷаи Венесуэла рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, дар вокуниш ба иқдоми Созмони кишварҳои амрикоӣ дар ҳимоят аз раҳбари мухолифони давлати ин кишвар Хуан Гуайдо, аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА Вазорати умури хориҷаи Венесуэла дар ин баёния бо ишора  ба ин, ки аъзои Созмони кишварҳои амрикоӣ таслими хостаҳои Вашингтон шудаанд, аз тасмими аъзои ин созмон дар ба расмият шинохтани раҳбари мухолифони давлати Венесуэла Хуан Гуайдо ба унвони раисҷумҳури ин кишвар ибрози таассуф кард.

Каракас таъкид кардааст: 27-уми апрел аз Созмони кишварҳои амрикоӣ хориҷ хоҳад шуд, зеро Венесуэла наметавонад узви  созмоне бошад, ки дар хидмати манофеи империалистии давлати Амрико аст.

Шӯрои доими Созмони кишварҳои амрикоӣ ахиран намояндаи Хуан Гуайдоро ба унвони намояндаи Венесуэла дар ин созмон ба расмият шинохта буд.

Амрико ва муттаҳидонаш дар ҳафтаҳои ахир бо ҳимоят аз раҳбари мухолифони давлати Венесуэла ба дунболи кудето дар ин кишвар ҳастанд.

Раҳбари мухолифини давлати Венесуэла, Хуан Гуайдо 23 январ бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш худро раисҷумҳури Венесуэла хонд; иқдоме, ки давлат ва миллати Венесуэла онро кудето алайҳи Николас Мадуро, раисҷумҳури мунтахаби мардум баршумурданд.

Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Русия ва Чин ҳам ин рафтори Амрикоро маҳкум ва бар лузуми эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Венесуэла таъкид кардааст.