Апрел 11, 2019 19:09 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии содироти нафти Венесуэла ба Амрико

Тибқи омору арқоми Идораи иттилооти энержии Амрико, ин кишвар воридоти нафт аз Венесуэларо аз сар гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, тибқи омору арқоме, ки Идораи иттилооти энержии Амрико мунташир кард, ин кишвар дар ҳафтаи нахусти апрели 2019 рӯзона 139 ҳазор бушка нафти хом аз Венесуэла ворид кардааст.

Пештар дар пайи таҳримҳое, ки Вашингтон, зидди Каракас ба иҷро гузошта буд, воридоти нафти Амрико аз Венесуэла мутаваққиф шуда буд.

Амрико апрели соли 2018 рӯзона 631 ҳазор бушка нафт аз Венесуэла ворид мекард, аммо воридоти ин кишвар аз Венесуэла акнун 5,5 баробар нисбат ба ҳамин мавқеъ дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Давлати Амрико, 27 январ 2019 таҳримҳое зидди Ширкати миллии нафти Венесуэла ба иҷро гузошт ва дороиҳои ин ширкатро масдуд ва ҳар гуна тиҷорат бо онро мамнӯъ кард.

Давлати Венесуэла, таҳримҳои вазъшудаи давлати Амрико зидди Каракасро ғайриқонунӣ эълом ва Кохи Сафедро муттаҳам кард, ки талош мекунад ба захоири нафти Венесуэла даст ёбад.

Амрико аз ҳомиёни аслии Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон ва раисиҷумҳури худхондаи Венесуэла аст.

 

Барчасп