Апрел 12, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомба дар шаҳри Кувейтаи Покистон

Бар асари инфиҷори бомба дар шаҳри Кувейта маркази иёлати Балучистони Покистон, ҳашт нафар кушта шуданд.

Полиси Покистон эълом кард: Субҳи рӯзи ҷумъа бар асари инфиҷори бомба дар майдони мевафурӯшӣ дар шарқи шаҳри Кувейтаи Покистон, ҳашт нафар кушта ва дасти кам ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд, ки ҳоли захмиҳо вахим гузориш шудааст.

Баъзе манобеи хабарӣ шумори захмиҳоро даҳҳо нафар эълом кардаанд.

Эҳтимол меравад шумори куштаҳои ин инфиҷори террористӣ афзоиш ёбад.

Неруҳои амниятии Покистон бо ҳузур дар маҳали инфиҷор, минтақаи мавриди назарро муҳосира карданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда нагирифтаанд.

Иёлати Балучистон аз иёлатҳои ноамни Покистон аст, ки гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ҷамоати Алаҳрор, Сипоҳи Саҳоба ва Лашкари Ҷҳангвей, дар он фаъол ҳастанд.

 

Барчасп