Апрел 13, 2019 15:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Маскав аз роҳкори кишвари мустақили Фаластин бар асоси қонунҳои байналмилалӣ

Русия бар пойбандии ин кишвар ба асли роҳкори таъсиси кишвари мустақили Фаластин бар асоси қонунҳои байналмилалии шинохташуда, азҷумла қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард.

Ба гузориши “Русия алявм”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия тайи дидор бо Нойф Ҳавотама, дабири кулли Ҷабҳаи демократия барои озодии Фаластин, дар Маскав дар бораи созиш ва вазъияти Ховари Миёна, вазъияти каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазза ва ҳамчунин бозгардондани ваҳдати миллии Фаластин ба баҳсу табодули назар пардохт.

Нишасти дигаре низ дар Вазорати умури хориҷаи Русия байни Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар бо Нойф Ҳавотама баргузор шуд.

Нойф Ҳавотама тайи изҳороте пас аз ин дидор гуфт, Русия омодагии худро барои мизбонии даври ҷадиде аз музокироти гурӯҳҳои фаластинӣ бо ҳадафи поён додан ба ихтилофоти дохилӣ эълом кардааст.

Дабири кулли Ҷабҳаи демократия барои озодии Фаластин афзуд, музокироти гурӯҳҳои фаластинӣ дар Маскав, мавзӯоти зиёде, азҷумла равобити дохилии гурӯҳҳои фаластинӣ, масоили марбут ба эҷоди ваҳдати миллӣ ва созукори иҷрои тасмимоти гирифташуда дар ниҳодҳои Созмони озодибахши Фаластинро шомил мешавад.

Ҷабҳаи демократия барои озодии Фаластин дар соли 1969 бо ҷудоӣ аз Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин таъсис шуд.

Дабири кулли он аз ибтидо то кунун Нойф Ҳавотама будааст ва ба унвони як узви Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) фаъолият мекунад.

 

Барчасп