Эҳтимоли судури ҳукми 45 соли зиндон барои Ассанҷ дар Амрико
(last modified 2019-04-14T15:34:51+00:00 )
Апрел 14, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли судури ҳукми 45 соли зиндон барои Ассанҷ дар Амрико

Мушовири ҳуқуқии бунёнгузори пойгоҳи ифшогари “Викиликс” аз эҳтимоли маҳкум шудани ӯ дар Амрико ба 45 соли зиндон хабар дод.

Ҷефри Робертсон, мушовири ҳуқуқии бунёнгузори пойгоҳи ифшогари “Викиликс” дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Русия алявм” гуфт, Амрико Ҷулиан Ассанҷ, бунёнгузори ин сойтро таҳти таъқиб қарор дода ва иттиҳомҳое барои вай тадорук дидааст, ки муҷозоти он 45 соли зиндон аст.

Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сойти “Викиликс” дар соли 2010 бо интишори тасовир ва видеоҳои куштори ғайринизомиён дар Ироқу Афғонистон ба дасти нерӯҳои артиши Амрико мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт. Ассанҷ барои ҷилавгирӣ аз боздошти худ соли 2012 ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳанда шуда буд, ки саранҷом рӯзи панҷшанбе, 11 апрел бо лағви паноҳандагияш пулиси Лондон ӯро боздошт кард.

 

Барчасп