Сентябр 17, 2016 16:08 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Ғарб иштибоҳ кард

Вазири хориҷаи Русия бо баёни ин ки Ғарб дар интихоби аввлавиятҳои худ иштибоҳ кард, афзуд, иқдомоти Ғарб дар Сурия маҳбубияти раисиҷумҳури ин кишварро афзоиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо хабаргузори русии Спутник, гуфт, маҳбубияти Башор Асад раисиҷумҳури Сурия бар хилофи иддаои ғарбиҳо, ки мегуфтанд давраи вай ба сар расида, афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, Башор Асад дар 6 соли гузашта муқовамат кард ва маҳбубияти бештаре байни шаҳрвандони ин кишвар касб кард ва мардуми Сурия Асадро зомини ҷилавгирӣ аз афтодани кишваршон ба дасти ДИИШ медонанд.

Лавров тасреҳ кард, аввлавияти шарикони мо такрори иштибоҳотшон дар Ироқ ва Либия аст ва ширикони ғарбии мо мутаасифона мехоҳанд дар ҳамин чола бифтанд.