Русия равобити худро бо НАТО комилан қатъ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43092
Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз қатъи комили ҳамкории Русия ва НАТО хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 15, 2019 17:29 Asia/Dushanbe
  • Русия равобити худро бо НАТО комилан қатъ кард

Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз қатъи комили ҳамкории Русия ва НАТО хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Александр Грушко гуфт, ҳамкорӣ миёни Русия ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар абъоди низомӣ ва ғайринизомӣ аз имрӯз, душанбе ба таври комил қатъ шуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ишора ба иқдомоти хасмона ва ноамнкунандаи Амрико ва НАТО дар атрофи марзҳои Русия ибрози умедворӣ кард, қатъи ин ҳамкориҳо ба муноқишаи ҷиддӣ миёни Русия ва НАТО мунҷар нашавад.

Александр Грушко таъкид кард, Маскав омодаи муқобила бо таҳдидоти эҳтимолии НАТО аст ва вуқӯи ҷанг миёни Русия ва НАТО фоҷиае бузург барои башарият хоҳад буд.